Дар доираи RES-2026 ҳамкории иқлимии кишварҳои Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

Апрель 25, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 25.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода дар Конфронси ҳаштуми Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар мавзуи «Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда 3.0: аз уҳдадориҳо то амалҳо», ки дар доираи Саммити минтақавии экологӣ — 2026 (RES-2026) дар шаҳри Остона баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд, дар конфронс роҳбарону намояндагони мақомоти дахлдори давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва муқовимат ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ карданд.

Абдулло Қурбонзода зимни суханронӣ аҳамияти конфронсро ҳамчун платформаи муҳими минтақавӣ барои муколамаи созанда, табодули таҷриба ва таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими иқлимӣ таъкид намуд.

Ҳамзамон директори Агентии обуҳавошиносӣ доир ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва Созишномаи Париж маълумот пешниҳод кард.

Дар идомаи конфронс таваҷҷуҳи асосӣ ба ташаккули самти умумии сиёсӣ ва стратегии ҳамкории минтақавӣ бо тамаркуз ба татбиқи Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншудаи давлатҳои Осиёи Марказӣ равона гардид.

Ҳамчунин иштирокчиён афзалиятҳои калидии сиёсати иқлимӣ, эҳтиёҷот ба маблағгузории иқлимӣ ва механизмҳои амалии таҳкими татбиқи даври нави Саҳмҳои дар сатҳи миллӣ муайяншуда — 3.0-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид