Дар доираи RES-2026 дар Остона таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд

Апрель 23, 2026 14:17

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Саммити минтақавии экологӣ RES-2026 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Аккенженов мулоқот намуд, иттиллоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи электроэнергетика, таҳкими робитаҳои соҳавӣ ва истифодаи имконияти мавҷудаи энергетикиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимни мулоқот инчунин масъалаи воридоту содироти неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон ва мавсими серобӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо ба идомаи ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт изҳори омодагӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки ҳамкории энергетикӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон метавонад ба таҳкими амнияти энергетикии минтақа ва тавсеаи ҳамгироии иқтисодӣ мусоидат намояд.

‎      Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши бештари муносибатҳо ва рушди робитаҳои дарозмуддат дар соҳаи  энергетика изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд