Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
ДУШАНБЕ, 18.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Green. Digital. Smart» дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Олимпиадаи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маросим роҳбарияти Донишгоҳ, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон ва иштирокчиёни Олимпиада иштирок намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Олимпиада дар фазои рақобати солим ва шаффоф баргузор гардида, иштирокчиён сатҳи баланди дониш, маҳорати таҳлилӣ ва тафаккури эҷодиро нишон доданд.
Дар идома ғолибон аз рӯи ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм муайян гардида, бо дипломҳои дараҷаи I, II ва III, инчунин туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон як гурӯҳ иштирокчиёни фаъол барои иштироки назаррас ва натиҷаҳои хуб бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






