Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳ.
Дар даври якум 27 нафар аз ҳисоби донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд. Сатҳи дониш ва маҳорати онҳо аз рӯйи якчанд меъёр, аз ҷумла таҳияи дафтари довталаб, дурусту беғалат будани матн, қобилияти шарҳу тавзеҳи ашъори азёдкардашуда, донистани зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ, қироати ифоданок, захираи луғавӣ, азёд намудани байтҳо дар мавзуъҳои ахлоқию ватандӯстӣ, инчунин донистани на камтар аз 70 қаҳрамони «Шоҳнома» ва корномаи онҳо арзёбӣ гардид.
Ҳайати ҳакамони озмун аз ҳисоби мутахассисони варзидаи донишгоҳ интихоб шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти даври аввал 9 иштирокчӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифт.
Бояд гуфт, ки арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ аз ҳадафҳои асосии озмун ба ҳисоб мераванд.
Баргузории чунин озмунҳо ба густариши фарҳанги китобхонӣ, боло бурдани завқи адабӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ байни ҷавонон мусоидат намуда, дар тарбияи насли донишманду ватандӯст нақши муҳим мегузорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






