Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони «Идоракунии захираҳои обӣ ва рушди иқтисоди «сабз» дар шароити тағйирёбии иқлим» конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони беш аз 50 давлати ҷаҳон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» доир шуд.
Пеш аз оғози конфронс иштирокдорон ба Осорхонаи таърихии Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант рафта, бо шароити таълим ва фаъолияти муассиса шинос шуданд.
Иштирокдорони конфронс масъалаҳои муҳими истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисоди “сабз”-ро дар шароити тағйирёбии иқлим мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз гардид, ки масъалаи об имрӯз ба яке аз мавзуъҳои калидии рӯзномаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар шароити тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамояд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки рушди иқтисоди “сабз” ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок метавонад дар коҳиши таъсири манфии тағйирёбии иқлим ва беҳтарсозии сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муассир бозад.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд






