Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид

Апрель 17, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 16 апрел дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратии «Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ» баргузор гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ, муҳити илмӣ ва бахши хусусӣ барои дарёфти роҳҳои муассири рушди устувори соҳибкорӣ аз ҳадафҳои асосии форум арзёбӣ гардид.

Дар форум ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода доир ба нақши илм ва маориф дар рушди соҳибкории инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории давлату бахши хусусӣ ибрози назар намуд.

Дар Форуми тиҷоратии «Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ» инчунин намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парлумони мамлакат, вазорату идораҳо, бахши бонкӣ, доираҳои илмӣ, шарикони хориҷӣ ва намояндагони бахши хусусӣ сухан гуфтанд. Ҳозирин тақвияти ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусиро дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар шароити мусоир муҳим арзёбӣ намуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 17, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд