Дар Душанбе ҳамоиши намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва СҲШ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони тиҷоратии давлатҳои БРИКС ва Созмони ҳамкории Шанхай ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш барқарор намудани робитаҳои корӣ ва гузаронидани гуфтушунидҳои мустақим дар шакли B2B мебошад.
Дар доираи ҳамоиш ширкати консалтингии Русия «AGORA» хизматрасониҳояшро оид ба ташкил ва ба таври самаранок анҷом додани фаъолияти ширкатҳо дар ҳудуди Федератсияи Русия муаррифӣ намуд.
Ширкатҳои Тоҷикистон бо хизматрасониҳои пешниҳоднамудаи «AGORA» шинос гардида, барои рушди ҳамкории мутақобили судманд изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






