Дар Душанбе бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ оғоз шуд

Апрель 20, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори оммаро барои пӯшиши иттилоотии иҷлосияи 35-уми Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, эълон мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки хоҳиши иштирок дар пӯшиши иттилоотии ин чорабиниҳоро доранд, бояд линки мазкурро хонапурӣ намоянд ва ба Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефон (+992 37) 221-83-95 ё нишони электронии pressaccreditation@mfa.tj то 1 майи соли 2026 маълумот пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз 11 то 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Интизор меравад, ки дар конфронс намояндагон аз 54 мамлакати аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар минтақаи Аврупо ва Осиё, инчунин созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, институтҳои молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намоянд.

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 20, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд