Дар Душанбе Форуми дуҷонибаи соҳибкорӣ баргузор гардид

Апрель 23, 2026 14:34

ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эстония доир гардид.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, форум дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Эстония баргузор шуд.

Дар кори он 8 ширкати эстонӣ ва зиёда аз 40 ширкати ватанӣ, ки дар самтҳои металлургия, металлҳои ранга ва коркарди партовҳои металлӣ, технологияҳои IT, логистика, саноати чӯб ва коркарди он, инчунин истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ва шоколад фаъолият доранд, иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки форум ҳамчун платформаи муассир барои барқарор намудани робитаҳои тиҷоратӣ, табодули таҷриба ва баррасии дурнамои ҳамкории дуҷониба хизмат намуд.

Дар доираи форум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Эстония Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Намояндагони Эстония ҳамчунин бо фаъолияти IT-Park Dushanbe, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шоколатье», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «555 МПК», корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудоз», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Avas Zafaron» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» шинос гардиданд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд