Дар Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказӣ таъсис меёбад
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Мо нақша дорем, ки дар шаҳри Душанбе Маркази минтақавии омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо ва криосфераи Осиёи Марказиро таҳти сарпарастии Созмони ҷаҳонии метеорологӣ таъсис диҳем. Мо ба дастгирии шарикон дар пешбурди ин масъала умед дорем. Чунин иброз намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити минтақавии экологии «Диди муштарак барои ояндаи устувор» дар пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона.
Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин замина оид ба обшавии босуръати пиряхҳо ва кам шудани захираҳои барф изҳори нигаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки аз чордаҳ ҳазор пиряхи Тоҷикистон беш аз 1300 адади онҳо аллакай пурра об шудаанд.
Бо ишора ба ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Президенти Тоҷикистон изҳор намуданд, ки «кишвари мо дар доираи Раванди оби Душанбе талошҳои пайвастаи худро барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим идома медиҳад. Имрӯз қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар марҳилаи татбиқи фаъол қарор дорад».
Гуфта шуд, ки дар заминаи Соли байналмилалии пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 соли гузашта дар шаҳри Душанбе Конфронси якуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид. Он ба минбари муассири ҳамоҳангсозии талошҳои ҷонибҳои манфиатдор ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар ин самт табдил ёфт.
«Ҳамзамон Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон кардани Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034), ки бо ташаббуси муштараки мо ва шарикони байналмилалӣ қабул гардидааст, аҳамияти муҳим дорад»,-таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон.
Сарвари давлат изҳор намуданд, ки «ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон пайваста аз ҷониби шарикони мо дастгирӣ ёфта, ҳамчун замина барои пешбурди манфиатҳои муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳи байналмилалӣ хизмат менамоянд. Мавзуъҳои обу муҳити зист дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки даҳаи сеюми моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасӣ хоҳанд шуд».
АКС: АМИТ «Ховар»








Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид






