Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорони ватанӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси соҳибкори ҷавон Умедҷон Бобомуродзода маркази муосири фурӯши телефонҳои мобилии «Real Phone» ба фаъолият оғоз намуд.
Маросими ифтитоҳи маркази савдо дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки доираи васеи меҳмонон, намояндагони бахши соҳибкорӣ ва сокинони шаҳр баргузор гардид. Таъкид карда шуд, ки амалӣ намудани чунин ташаббусҳо далели равшани фазои мусоиди соҳибкорӣ дар кишвар буда, ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ мусоидат менамояд.
Мағозаи «Real Phone» бо тарҳи замонавӣ ва шароити мусоиди хизматрасонӣ ташкил гардида, ба мизоҷон имконияти интихоби васеи телефонҳои мобилии тамғаҳои маъруф ва босифатро фароҳам меорад.
Ҳамзамон дар марказ доираи васеи лавозимоти техникӣ ва дигар таҷҳизоти муосир пешниҳод карда мешаванд.
Илова бар ин, барои мизоҷон хизматрасониҳои иловагӣ низ ташкил карда шудааст. Мутахассисони мағоза ба харидорон дар интихоби дурусти дастгоҳ, насби барномаҳои зарурӣ, танзими телефон ва бартарафсозии мушкилоти техникӣ кумак мерасонанд.
Бартарии дигари маркази мазкур дар он аст, ки дар дохили он фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ низ анҷом дода мешавад. Акнун мизоҷон метавонанд дар ин ҷо телефону лавозимоти заруриро дастрас намоянд ва ҳамзамон барои сафарҳои дохиливу хориҷӣ чиптаҳои ҳавопаймоиро ба осонӣ харидорӣ кунанд, ки ин як иқдоми муосир ва қулай дар самти хизматрасонӣ ба шумор меравад.
Ифтитоҳи мағозаи «Real Phone» намунаи равшани саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва такмили инфрасохтори хизматрасонӣ ба аҳолӣ буда, интизор меравад, ки чунин ташаббусҳо дар оянда бештар анҷом дода мешаванд.
Файзалӣ ҚУРБОНЗОДА,
АМИТ «Ховар»













Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






