Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои мустақил ва хориҷӣ масъалаи раддабандии Тоҷикистон аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бозтоб гардида, мавриди баҳс қарор дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар робита ба ин дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Агентӣ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамоиш баргузор гардид. Дар он вазъи кунунии ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар Тоҷикистон, муаррифии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ дар самти мониторинг ва назорати сифати ҳавои атмосферӣ, инчунин тақвияти ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонии аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода дар бораи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим, дар ин замина қабули стратегия ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои давраи то соли 2040», ки иқдоми муҳимми мамлакати мо дар самти ҳалли мушкилоти иқлим, аз ҷумла сифати ҳавои атмосферӣ арзёбӣ мегарданд, сухан гуфт. Директори Агентии обуҳавошиносӣ бо мисолҳои мушаххас оид ба зуҳуроти обуҳавошиносӣ, аз ҷумла бориши борону барф, обнокии дарёҳои ҷумҳурӣ, захираи барф, ҳолати пиряхҳо ва ифлосшавии ҳавои атмосферӣ маълумот дод. Зимни муҳокима сабабҳои асосии ифлосшавии ҳаво, аз ҷумла таъсири омилҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим ба сифати ҳаво мавриди таҳлил қарор дода шуданд.
Таъкид шуд, ки рӯзҳои охир дар расонаҳои хабарӣ сифати ҳавои атмосферии ҷумҳурӣ нодуруст арзёбӣ карда шудааст, ки ин боиси нигаронии аҳолии мамлакат мегардад. Аз ин рӯ, он рақамҳое, ки расонаҳои хабарӣ оид ба ифлосшавии ҳавои атмосферии мамлакат нишон додаанд, бо назардошти талаботи муосири мониторинги сифати ҳаво ва шароити ҷуғрофии мамлакат ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар ин замина сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферии ҷумҳурӣ бо далелҳо ва рақамҳо ба намояндагони расонаҳо нишон дода шуд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамзамон Маркази пешгӯии обуҳавосанҷӣ, Раёсати мониторинги муҳити зист, озмоишгоҳҳои мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ва обҳои сатҳӣ, нуқтаи худкори мониторинги сифати ҳавои атмосферӣ, инчунин озмоишгоҳи сайёри мониторинги сифати ҳаворо дида, бо таҷҳизоти муосир, усулҳои андозагирӣ, тарзи ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот аз наздик шинос шуданд.
Дар анҷом таъкид карда шуд, ки танҳо тавассути ҳамоҳангсозии талошҳо ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ метавон ба беҳбуди вазъи муҳити зист ва ҳифзи саломатии аҳолии Тоҷикистон ноил гардид.
АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






