Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд

Апрель 24, 2026 16:42

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 нафар ғолиб муайян гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» аз байни 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳо занон мебошанд.

Ғолибони ин озмунҳо бо Диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро баланд мебардорад.

Такъид карда шуд, ки дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии давлат, соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ тадриҷан рушд меёбад. Дар ин давра дар самти таъмини заминаҳои рушди илм як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Дар бораи номгӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», «Стратегияи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошад, ки дар рушди илм нақши муҳим доранд.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва имсол «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд. Дар ин замина якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии самти илм – «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» низ баргузор карда мешаванд.

Дар доираи маросими ҷоизасупорӣ инчунин як зумра олимону кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди илм ва маориф, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 24, 2026 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд