Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити рушди босуръати тиҷорати электронӣ дар мамлакат такмили механизмҳои амалкунандаи танзим аҳамияти калидӣ пайдо намуда, нисбат ба идоракунии самараноки равандҳои савдо талаботи нав ба миён омадааст. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки таҳти унвони «Савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиш бо ибтикори Ассотсиатсияи иштирокчиёни тиҷорати электронии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) ташкил карда шуд.
Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти калидии давлатӣ, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Таҳияи қарорҳои ҳамоҳангшуда барои пешбурди табдили рақамии равандҳои савдо, баланд бардоштани шаффофияти иқтисодӣ ва таҳкими ҳамоҳангсозии институтсионалӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш арзёбӣ гардид.
Гуфта шуд, ки рушди минбаъда гузариш аз қарорҳои ҷудогона ба низоми ҳамгирои рақамии идоракунии савдоро тақозо менамояд. Дар ин замина ҳамчун самтҳои афзалиятнок принсипҳои идоракунӣ бар асоси маълумот, автоматизатсияи расмиёти маъмурӣ, ҳамгироии фарогири системаҳои давлатӣ ва хусусӣ ва татбиқи назорати ба хавф нигаронида муайян гардиданд.
Таъкид гардид, ки ташаккули экосистемаи ягонаи рақамии тиҷорати электронӣ ҳамчун омили муҳими таъмини рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ ва густариши иштироки Тоҷикистон дар савдои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






