Дар Хатлон доир ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизо вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Шаҳритуси вилояти Хатлон лоиҳаи «Фаъолияти шабакаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» амалӣ мегардад, ки ба он кӯдакони аз 6 то 59-моҳа, ки аз нуқтаи назари ғизоӣ осебпазиранд, фаро гирифта мишаванд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 15 апрел Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо намоянда ва директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Симон Ҳоллема вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқот доир ба лоиҳаҳои амалигардида дар Хатлон ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо ғизо мубодилаи афкор карда шуд.
Дар доираи лоиҳаи «Фаъолияти шабакаи амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон» кӯдакони гирифтори камғизоӣ бо маводи махсуси ғизоӣ ва хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта мешаванд. Танҳо соли 2025 ба 3347 кӯдак тавассути 209 муассисаи тандурустӣ кумак расонида шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид якчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бо дастгирии барнома дар Тоҷикистон қариб 2000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо маҳсулоти ғизоии хушсифат таъмин гардида, хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои солим фаро гирифта шудаанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нав дар вилояти Хатлон изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






