Дар Хуҷанд сохтмони бинои иловагии гимназияи рақами№4 оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 19.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони боз як бинои нави таълимӣ дар назди гимназияи рақами №4 санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Иншооти нави соҳаи маориф барои 1000 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, бо саҳми соҳибкорон сохта мешавад. Дар бино тамоми шароити зарурии таълим фароҳам оварда хоҳад шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз намуд, ки бунёди муассисаҳои таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, татбиқи чунин ташаббусҳо имкон медиҳад хонандагон дар шароити муосир ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Итилоъ дода шуд, ки қаблан низ бо иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар назди гимназияи мазкур бинои замонавии таълимӣ бунёд шуда буд. Бо назардошти зиёд будани шумораи хонандагон зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омад.
Дар айни замон дар гимназияи рақами №4-и шаҳри Хуҷанд беш аз 3200 хонанда таҳсил менамоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






