Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи муосири физика ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи озмоишгоҳ Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ аҳамияти таъсиси чунин озмоишгоҳҳоро дар шароити муосир хеле муҳим арзёбӣ намуд. Иброз гардид, ки рушди фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика дар ташаккули ҷаҳонбинии илмии ҷавонон ва омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши калидӣ мебозад. Дар замони рушди босуръати технология ва навовариҳо талабот ба донишу малакаҳои амалӣ рӯз аз рӯз меафзояд ва маҳз чунин озмоишгоҳҳо метавонанд ин талаботро қонеъ гардонанд.
Озмоишгоҳи нав бо таҷҳизоти муосири таълимӣ таъмин буда, барои гузаронидани машғулияти амалӣ, корҳои лабораторӣ ва таҳқиқоти илмии донишҷӯён имконияти васеъ фароҳам меорад. Инчунин он ба омӯзгорон имкон медиҳад, ки дар раванди таълим аз усулҳои инноватсионӣ истифода бурда, сатҳи фаҳмиши мавзуъҳоро дар байни донишҷӯён баланд бардоранд.
Таъсиси чунин пойгоҳи моддию техникӣ ба беҳтар гардидани сифати таълим мусоидат мекунад. Он шавқи донишҷӯёнро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар намуда, онҳоро ба корҳои таҳқиқотӣ ҷалб месозад. Ин раванд ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат хоҳад кард.
Ин иқдоми созанда дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ гардида, барои рушди илму маориф заминаи мусоид фароҳам меорад.
Меҳмонон бо шароити озмоишгоҳ шинос шуда, ба имконияти он баҳои баланд доданд. Ҳамзамон донишҷӯён якчанд таҷрибаи намоиширо пешкаши ҳозирин намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






