Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Конфронси байналмилалии «Тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ», ки 16 апрел дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор гардид, ба масъалаҳои мубрами таъмини заминаҳои ҳуқуқии рушди устувор дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва густариши зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса дода шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронси байналмилалии «Тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ» намояндагони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкилоти байналмилалӣ ва коршиносони соҳаро ба ҳам овард.
Дар конфронси байналмилалии «Тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ» ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода доир ба масъалаҳои мубрами таъмини ҳуқуқии рушди устувор дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт ва дигар масъалаҳои марбути соҳа ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки ташаккули низоми мукаммали ҳуқуқӣ барои танзими равандҳои рақамӣ ва истифодаи босамари технологияҳои нав, аз ҷумла зеҳни сунъӣ шарти муҳими таъмини рушди устувор ба шумор меравад.
Ҳамзамон Убайдулло Асрорзода ба зарурати мутобиқсозии қонунгузорӣ ба талаботи замони муосир ишора намуда, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмиро дар таҳияи заминаҳои илмӣ-назариявӣ ва омода намудани мутахассисони рақобатпазир муҳим арзёбӣ намуд.
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии инноватсионӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ фаъолона иқдом менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






