Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати гидрологӣ, таъмини гардиши муътадили об, пешгирии ҷамъшавии лойоба ва нигоҳдории низоми экологӣ дар ҳудуди Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» қубурҳои обгузар насб шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳамзамон барои таъмини ҷараёни озоди об ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративию экологии минтақа каналҳо ва маҷрои обгузари мамнуъгоҳ мунтазам аз лой ва дигар монеаҳо тоза карда мешавад. Ин тадбирҳо барои ҳаракати муътадили об, пешгирии обмонӣ ва ҳифзи муҳити табиии ҳудуди мамнуъгоҳ аҳаммияти муҳим доранд.
Ҳолати экологӣ ва гидрологии Мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» зери назорати доимии масъулини соҳавии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти мамнуъгоҳ қарор дорад.
Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қисмати ҷанубӣ – ғарбии ҷумҳурӣ, дар резишгоҳи дарёи Вахш воқеъ буда, соли 1938 таъсис дода шудааст. «Бешаи палангон» ном гирифтани мамнуъгоҳ ба он рабт дорад, ки соли 1954 дар ҳудуди мамнуъгоҳ охирин паланги тӯронӣ мушоҳида шуда буд. Ба ифтихори он ин мавзеъ «Бешаи палангон» номида шуд. Мамнуъгоҳ аз ҷанубу шарқ ва шимолу шарқ ба масофаи 20 километр тӯл мекашад. Ин мавзеи афсонавӣ қамишзори анбӯҳи ду соҳили рӯди Вахш, биёбони қумзори Қашқақум ва Бӯритов, ҳамчунин пасткӯҳҳои фарохи кӯҳҳои Ариқтов ва Хоҷа Қозиёнро дар бар гирифтааст. Баландии сатҳи водии Вахш дар ҳудуди мамнуъгоҳ аз сатҳи баҳр 320-325 метр буда, баъзе мавзеъҳои чапи соҳили мамнуъгоҳ дар дашти Қашқақум то 530 метр ва кӯҳҳои Хоҷа Қозиён то 1000-1200 метр баландӣ доранд. Дар ҳудуди мамнуъгоҳ аз гузаштаи маҷрои дарёи Вахш кӯлҳои бешуморе ба вуҷуд омадаанд, ки дар онҳо набототу буттаҳои гуногун месабзанд. Баъзеи ин кӯлҳо то 2-4 километр дарозӣ дошта, чуқурии онҳо 10-15 метрро ташкил медиҳад.
Тобистони мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» хеле гарм ва тафсон буда, ҳарорати ҳаво бениҳоят баланд мешавад. Дар чунин ҳарорати ҳаво аксари ҷонварон ба лонаҳои зеризаминӣ ё зери буттаю саксавулзор пинҳон мешаванд. Дар ин айём дар майдонҳои васеи мамнуъгоҳ ва дар кӯлу ботлоқ бухоршавии об рух дода, ҳаво нисбатан намнок мегардад. Танҳо баъди чунин рӯзҳо шабона салқин шуда, ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа паст мефарояд. Дар ҳудуди Мамнуъгоҳи давлатии «Бешаи палангон» дар қатори ҳайвоноти нодир ва мурғи даштӣ тазавр, 33 намуди ширхӯрон, шағолу гурбаи ёбоӣ боз 26 намуди гуногуни хазандаҳо мавҷуд мебошад. Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» яке аз гӯшаҳои нотакрори Тоҷикистон ва макони пурасрори табиӣ буда, робитаи доимии олами наботот ва ҳайвоноти биёбони туғайзорро дар экосистемаи табиӣ инъикос менамояд.
Моҳи сентябри соли 2023 дар ҷаласаи 45-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор гардид, «Ҷангали туғайи мамнуъгоҳи Бешаи палангон» дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил гардид.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд






