Дар Москва имконоти сармоягузории вилояти Суғд муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази конгрессии Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар шаҳри Москва намоиши молу маҳсулот ва муаррифии имконияти сармоягузории вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни намоиш оид ба ҳолати ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратии дуҷониба маълумот дода, нақши робитаҳои байниминтақавиро дар устувор шудани ҳамкории стратегии Тоҷикистону Русия муҳим донист. Имконоти васеи сармоягузорӣ, махсусан дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ таъкид шуда, соҳибкорон даъват шуданд, ки аз шароити мавҷуда васеъ истифода баранд.
Дар чорабинии мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода, муовини Президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия Владимир Падалко, аъзои Шурои федератсия ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия













Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






