Дар Москва вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид

Апрель 18, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел дар шаҳри Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии нуҳуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишаст роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории шашҷонибаро баррасӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба раванди татбиқи мувофиқаҳои аз натиҷаи саммити дуюми сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» дар шаҳри Душанбе ҳосилшуда зоҳир гардид.

Сироҷиддин Муҳриддин зарурати гузариш ба иқтисодиёти «сабз»-ро таъкид намуда, барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ташаккули «кластерҳои сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим даъват ба амал овард.

Бо назардошти нақши фаъоли Тоҷикистон дар дипломатияи ҷаҳонии обу иқлим Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин пешниҳод кард,  ки барои табодули технологияҳо ва таҷрибаҳои пешқадам дар доираи рӯзномаи экологӣ платформаи махсус таъсис гардад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд