Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Наврӯз — рамзи худшиносии миллӣ ва ҷашни баҳамоии тамаддунҳо» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар конференсия Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ оид ба таърих, ҳикмат, анъана, фарҳанг ва ҷаҳонишавии Наврӯз ибрози назар намуда, нақши муассисаҳои таълимиро дар тарбияи насли ҷавон ва густариши фарҳанги миллӣ баланд арзёбӣ намуд.
Дар маърузаҳои иштирокдорон диққати асосӣ ба ҷойгоҳ ва нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди арзишҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкории тамаддунҳо дода шуд. Гуфта шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки омил ва василаи пайванди фарҳангҳои гуногун ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.
Иброз гардид, ки чунин конференсияҳо барои ҷавонон имкони омӯзиши арзишҳои миллӣ ва васеъ кардани доираи донишҳои илмӣ ва фарҳангиро фароҳам меоранд. Эҳёи суннатҳои миллӣ ва анъанаҳои Наврӯз барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
Иштирокчиён дар қисмати музокираи конференсия фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, тарғиби анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон баён намуданд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






