Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кишти баҳорӣ оғоз шуд. Барои сари вақт ва дар муҳлати муайян кишт намудани зироат аз ҷониби Вазорати кишоварзии Тоҷикистон 7 трактори хурд ба кишоварзони ноҳия тақдим гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ноҳия нисбат ба дигар ноҳияҳои вилоят аз ҷиҳати иқлим ва замини ҳамвору ҳосилхез бартарӣ дорад.
Сармутахассиси бахши кишоварзии ноҳияи Рӯшон Ибодат Бозидова иброз намуд, ки маҳз ҳамин омилҳоро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи кишоварзӣ аҳамияти хос медиҳад. Ҳамчунин ба таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо техникаю механизмҳои кишоварзӣ, нуриҳои органикию минералӣ пайваста диққ мешавад.
Соли 2026 бо истифода аз шароити мусоиди обу ҳаво корҳои саҳроии баҳорӣ барвақттар оғоз гардиданд. Тамоми техникаю механизмҳои кишоварзӣ ба кишту кори баҳорӣ як моҳ пеш омода гардиданд. Дар ихтиёри хоҷагиҳои деҳқонӣ 50 трактори гуногунтамға, 9 култиватор, 35 испори оҳанӣ ва дигар механизми кишоварзӣ мавҷуд аст.
Раванди корҳои саҳроӣ дар ноҳия бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ нишон медиҳад, ки заҳматҳои кишоварзон барабас нарафта, на танҳо бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти кишоварзию сабзавоти полезӣ таъмин мегарданд, балки миқдори муайяни он ба минтақаҳои дигари мамлакат низ бароварда мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






