Дар ноҳияи Рашт дар 1650 гектар замин картошка кишт карда мешавад

Апрель 26, 2026 14:30

РАШТ, 26.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 деҳқонони ноҳия Рашт дар 1650 гектар заминҳои кишоварзӣ картошка кишт менамоянд. Ҳамчунин дар заминҳои корами обию лалмии хоҷагиҳои деҳқонӣ, хоҷагиҳои ёрирасону заминҳои наздиҳавлигӣ, ки ҳамаи шаклҳои хоҷагидориро ташкил медиҳад дар 3510  гектар замин картошка кишт карда мешавад. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  муовини Раиси  ноҳияи Рашт Саидбек Идибегзода иттилоъ дод.

Саидбек Идибегзода гуфт, ки имсол 90 фоизи   деҳқонони ноҳия навъҳои картошкаи «Тоҷикистон-24»,  «Покистон», «Русия» ва картошкаи маҳалии ноҳияҳои Масчоҳу Деваштичро  кишт намуда истодаанд.

Дар ноҳияи Рашт барои кишти саривақтии картошка 427 техника ва  мошинолоти кишоварзӣ сафарбар карда шудаанд.

Картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзони ноҳияи Рашт мебошад, ки  барои таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин кардани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад.

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳконӣ ва заминҳои наздиҳавлигию ёрирасони ноҳия кишти картошка оғоз гардид. Сокинони ноҳияи Рашт аз ҳавои мусоид истифода намуда, барои самаранок истифода бурдани ҳар як қитъа замин  ба кишти зироатҳои гуногуни  кишоварзӣ машғул мебошанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Апрель 26, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид