Дар ноҳияи Роштқалъа дуюмин Парки технологӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Парки технологӣ бунёд карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа иттилоъ доданд.
Мудири бахши иқтисод, савдо ва мониторинги ноҳияи Роштқалъа Аъзам Булбулов иброз намуд, ки дар ҳудуди ноҳия дар чанд соли охир масоҳати кишти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби заминҳои бекорхобида афзоиш ёфтааст. Аз ин рӯ истеҳсоли даҳҳо тонна меваю сабзавот зарурати коркард ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаро фароҳам овардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар айни замон дар Парки технологии якум 6 коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият намуда, ба коркарди меваю сабзавот ва бандубасти он, табъу нашри маҳсулоти полиграфӣ, истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, маҳсулоти бетонӣ ва дару тирезаҳои пластикӣ машғуланд. Масоҳати умумии Парки технологии ноҳия 900 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дастранҷ» яке аз коргоҳҳои Парки технологӣ аст, ки ба истеҳсол ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад. Корхона бо дастгоҳҳои муосири технологӣ муҷаҳҳаз гардида, маҳсулоташ дар намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзии вилояту ҷумҳурӣ ба намоишу фурӯш гузошта шудааст.
Маҳсулоти он аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, барои саломатӣ низ муфид аст. Дар ин коргоҳ кӯфтаи гандум ва талқон аз чормағзу тут истеҳсол карда мешавад. Ин гуна ғизоҳо иловагиҳои гуногуни кимиёӣ надошта, комилан табиӣ ва барои саломатии инсон фоидабахш мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






