Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншоот Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзозода, кормандони мақомоти судии вилоят ва ноҳия иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи бино таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти муосир нишонаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба таҳкими ҳокимияти судӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон мебошад.
Бинои нав бо тамоми шароити зарурӣ барои баргузории ҷаласаҳо ва чорабиниҳои расмӣ сохта шудааст.
Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ркстам Мирзозода Рустам аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди низоми судӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки фароҳам гардидани чунин шароити мусоид ба баланд бардоштани сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва таъмини адолати судӣ мусоидат менамояд.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода низ иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлату Ҳукумат, бахусус дар самти таҳкими инфрасохтори иҷтимоӣ ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон аз шароити муҳайёгардида шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани бино баҳои баланд доданд.
Ифтитоҳи чунин иншооти муҳим қадами навбатӣ дар роҳи таҳкими низоми судӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ арзёбӣ гардид.














Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд






