Дар Ҷопон дар мавзуи «Устувонаи Куруш: Пайванди таърихии байни гузашта ва ҳозира – назари муосири Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти хориҷии Токио (Tokyo University of Foreign Studies) дар мавзуи «Устувонаи Куруш: пайванди таърихии гузашта ва ҳозира – назари муосири Тоҷикистон» ҳамоиши илмӣ баргузор шуд, ки дар он профессорон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳури Тоҷикистон дар Ҷопон Фарҳод Салим оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла қабули қатъномаи ЮНЕСКО таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» ва қатъномаи СММ оид ба эълон намудани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» маълумот дода, нақш ва аҳаммияти онҳоро шарҳ дод.
Зимни пешниҳоди маърузаҳо дар мавзуи мавриди назар нақши тоҷикон дар таъриху тамаддуни башарият ва дастовардҳои Тоҷикистони муосир ба донишҷӯён муаррифӣ карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон













Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд






