Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Сеул Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чо Ҳюн бо масъулони нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Дар оғози мулоқот Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея аҳаммияти баргузории нахустин Саммити сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея»-ро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои бисёрҷонибаи муфид байни кишварҳои ин қолаб изҳор кард.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар оид ба дурнамои ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Корея, аз ҷумла дар чаҳорчӯби қолаби «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» сухан гуфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






