Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид

Апрель 10, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон соли 2026 барои таъмин ва бартараф намудани мушкилоти обтаъминкунӣ 4 насоси нави пуриқтидор харидорӣ ва дастрас гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Бӯстон хабар доданд, барои босифат анҷом додани корҳои насбкунӣ дастгоҳи муосир харида шуд.

Масъулини шаҳри Бӯстон нақша доранд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои анҷом додани корҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти муназзами насосҳо барои зиёд кардани фишори об дар шабакаҳо тадбир андешанд. Инчунин ҷойҳои фарсудаи қубурҳои обгузарро таъмир ва пешгирӣ аз талафоти обро бартараф намоянд.

Ҳамасола дар фасли гармо бо назардошти зиёд шудани талабот ба об дар пойгоҳҳо навбатдории шабонарӯзии мутахассисон ба роҳ монда мешавад.

Яке аз мушкилоти ҳамарӯзаи сокинон муроҷиат ба масъулони обтаъминкунӣ мебошад. Барои сари вақт бартараф намудани мушкилоти сокинон гурӯҳи махсус таъсис дода мешавад.

Масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ зери назорати доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Бӯстон қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Апрель 10, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид