Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дарси маҳорати байналмилалии «Равандҳои муосири рӯзноманигории сайёҳӣ» оғоз шуд, ки то 17 апрел идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи баргузории дарси маҳорати байналмилалӣ истифодаи технологияҳои муосир ва тақвияти нақши расонаҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ мебошад. Дар он коршиносон, мутахассисон ва рӯзноманигорони варзида масъалаҳои марбут ба таҳияи муҳтавои рақамӣ, истифодаи усулҳои муосири қиссапардозӣ (storytelling) ва рушди муҳтавои чандрасонаиро мавриди барррасӣ қарор медиҳанд.
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд рушд мекунанд, рӯзноманигории сайёҳӣ бояд ба талаботи нав мутобиқ гардида, бо истифода аз усулҳои ҷолибу таъсирбахш имконоти сайёҳии Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.
Дар назар аст, ки дар доираи дарси маҳорати байналмилалӣ масъалаҳои истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳбурдҳои бозорёбии иттилоотӣ ва ҷалби аудитория баррасӣ гардида, барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва рақобатпазирии рӯзноманигорон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ёдовар мешавем, ки аз 14 то 18 апрел дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» баргузор мегардад. Дар доираи форум саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин чорабиниҳои дигари канорӣ гузаронида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон













Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






