Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид

Апрель 20, 2026 12:00

ШАҲРИНАВ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки кадбонуҳо ва фаъолзанони ноҳия даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус   ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Озмун бо мақсади ҷалби занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонуӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида мешавад.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» дар байни ҷавондухтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо тайёрии хуби иштирокдорон гузаронида шуд. Дар он кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир аз рӯи талаботи низомномаи озмун  намудҳои гуногуни таомҳои миллию маҳаллӣ, нонҳои гуногун ва хӯришу шириниҳои миллиро пешкаши ҳакамон намуданд.

Ғолибони озмун  бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Апрель 20, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид