Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ доир шуд. Дар доираи он эъломияи Шуша қабул ва шаҳри Шуша расман хамчун пойтахти сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соли 2026 эълон гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад.
Дар ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон ва коршиноси Кумитаи рушди сайёҳӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди устувори сайёҳӣ, гуногунсозии самтҳои сайёҳӣ ва тавсеаи ҳамкории минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор ва дар он намунаи гуногуни таомҳои миллии кишварҳо муаррифӣ гардид. Ошпазони моҳири тоҷик аз Маркази оши шаҳри Душанбе таомҳои анъанавии миллиро ба меҳмонон пешкаш намуда, сазовори баҳои баланди иштирокчиён шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон











Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд






