Дар Суғд Форуми байналмилалии «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 26.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 27-28 август дар шаҳрҳои Гулистон ва Хуҷанди вилояти Суғд Форуми байналмилалии сармоягузории «Рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ» баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Мақсади баргузории форум ташаккули платформаи муассири байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва таҳияи қарорҳои амалӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорат дар минтақаи Авруосиё мебошад.
Дар доираи форум баргузор намудани намоишгоҳи EXPO – маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватанию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Дар назар аст, ки дар форум беш аз 200 намояндаи мақомоти давлатӣ, минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, сармоягузорони ватанию хориҷӣ, намояндагони шарикони рушд ва коршиносони соҳавии байналмилалию миллӣ иштирок намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






