Дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ мегардад

Апрель 30, 2026 14:14

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар Тоҷикистон 87 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 51,6 миллиард сомонӣ амалӣ карда мешавад, ки барои рушди иқтисоди миллӣ ва пешбурди соҳаҳои калидӣ заминаи устувор мегузорад. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд.

Гуфта шуд, ки аз рӯйи таҳлилҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда ҳанӯз ба талаботи мавҷуда пурра ҷавобгӯ нест. Бино ба таъкиди Роҳбари давлат, қафомонӣ, пеш аз ҳама, дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рушди инфрасохтори энергетикӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, инчунин баъзе иншооти соҳаи маориф ба мушоҳида мерасад, ки ин натиҷаи бевоситаи сустии идоракунӣ ва назорати нокифоя мебошад.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат ба сохторҳои масъул супориш доданд, ки татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро таъмин намоянд ва иҷрои нақшаҳои молиявиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамчунин камбудиҳои ҷойдоштаро фавран бартараф намуда, ба ҳолатҳои кашолкорӣ ва истифодаи ғайрисамараноки маблағҳо роҳ надиҳанд. Дастури дигар вобаста ба тақвият додани ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ҷалби маблағҳои иловагӣ ва истифодаи самараноки онҳо дода шуд. Ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ яке аз омилҳои калидии рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойи нави кор ва ворид намудани технологияҳои муосир арзёбӣ гардид.

Дар робита ба камбудиҳои ҷиддӣ супориш дода шуд, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ сабабҳои коҳиши ҷалби сармояи мустақими хориҷиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххасро пешниҳод ва иҷрои минбаъдаи онро таъмин намояд.

Инчунин дигар сохторҳо уҳдадор шуданд, ки фаъолияти худро дар самти ҷалби сармоя ва муаррифии имконияти иқтисодии кишвар ба таври куллӣ тақвият бахшида, барои ҷалби ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ ба лоиҳаҳои афзалиятнок тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ва таҳлили вазъи ҷалби сармоя самтҳои сармоягузориро муайян намуда, супориш доданд, ки маблағҳо ба соҳаҳои коркард, технологияҳои муосир ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда равона карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2026 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд