Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид

Апрель 9, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои хурди ҷамоавии ноҳияи Носири Хусрав  ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид. Дар айни замон он дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба фурӯш бароварда шудааст, ки ба паст гардидани нархи ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар нимаи дуюми моҳ ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Панҷ, Ҷайҳун, Қубодиён, Дӯстӣ ва дигар шаҳру ноҳияҳо оғоз мегардад.

Дар вилоят пиёзро дар ду мавсим ҷамъоварӣ менамоянд: пиёзи барвақтӣ ва тирамоҳӣ. Ҷамъоварии пиёзи тирамоҳӣ ба моҳи октябр рост меояд.

Минтақаи вилояти Хатлон барои парвариши маҳсулоти кишоварзии барвақтӣ созгор мебошад. Аз ин рӯ кишоварзон аз ин имконот ба таври васеъ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо олимону мутахассисони соҳа дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Тавре олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ тавсия медиҳанд, пиёзи аввали баҳор киштшуда моҳи сентябр пухта мерасад ва тамоми зимистон нағз меистад. Пиёзе, ки моҳи сентябр ва аввали октябр ҷамъоварӣ мегардад, барои захира намудан хеле созгор аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 9, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид