Дар Вена «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Венаи Австрия дар доираи ҷаласаи Кумитаи ченаки инсонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар САҲА «Устувонаи Куруши Кабир» муаррифӣ гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия хабар доданд, дар чорабинӣ, аз ҷумла иброз гардид, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии шарикон ЮНЕСКО зимни ҷаласаи 43-юми Конфронси генералӣ «Устувонаи Куруши Кабир»-ро яке аз аввалин эъломияҳои ҳуқуқи башар эътироф намуд.
Вобаста ба ин татбиқи ташаббуси дигари ҷаҳонии Тоҷикистон – «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ-2027» дар татбиқи пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ саҳми арзанда хоҳад гузошт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Австрия








Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд






