Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Зафаробод соли равон тасмим гирифтаанд, ки дар 14 ҳазору 730 гектар чигит кишт намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия кишти зироат дар 28 ҳазору 989 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 18 ҳазору 291 гектарро кишти баҳорӣ ташкил медиҳад ва қисми асосии он ба пахта рост меояд. Инчунин зироати ғалладонагӣ, лубиёгӣ, полезӣ, хӯроки чорво ва зироати техникӣ низ мавқеи муҳим доранд.
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар мавсими тирамоҳӣ дар 5868 гектар гандуму ҷав кишт намудаанд, ки ҳоло сабзиши онҳо хуб аст.
Истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили фаровон аз он метавонад дар беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид






