Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 март бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева дар толори Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар маҳфили идона намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва ҳайати дипломатии муқими Женева, инчунин дигар меҳмонони маҳаллӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок карданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода таъкид дошт, ки ҷашни бостонии Наврӯз, ки айёми бедоршавии табиат ва эътидоли баҳорӣ, таҷассумгари некӣ, зебоӣ, покизагӣ ва густариши ободонию бунёдкорӣ аст, маҳз дар даврони Истиқлолияти давлатӣ зери роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё ва ҷаҳонӣ шуд. Ҳамзамон ташаббусҳои беназири Роҳбари давлат роҷеъ ба эъмори маҷмааҳои “Кохи Наврӯз”, “Наврӯзгоҳ” ва “Маркази байналмилалии Наврӯз” ҳамчун намунаҳои беҳтарини сиёсати созандаи фарҳангии Тоҷикистон номбар шуданд.
Дар чорабинӣ барои ташвиқу тарғиби фарҳангу тамаддуни бойи тоҷикон хӯроку шириниҳои наврӯзӣ ва хони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, ҳунарҳои қадимии мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд. Зимни базми идона гурӯҳи санъаткорони хушсалиқаи ватанӣ барномаи рангини фарҳангиро пешкаши тамошобинон намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария























Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд






