Дар Женева таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқу озодиҳои муосири инсон» ҳамоиши сатҳи баланд баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар чорабинӣ дар ҳузури роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои ҳуқуқи инсон ва ҷомеаи илмӣ-маърифатӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди Шуъбаи СММ, Сафир Алӣ Баҳрейнӣ ва нозири доимии Донишгоҳи сулҳи СММ дар назди Шуъбаи СММ, Сафир Девид Фернандес Пуяна сухан намуданд.
Ҳамоишро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода ифтитоҳ намуд.
Иброз гардид, ки Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккул ва рушди санадҳои бунёдии байналмилалии марбут ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши муҳим гузоштааст. Маърузачиён роҷеъ ба таърихи қадимии Устувонаи Куруши Кабир, ҷузъиёти таҳияи ин санад ва аҳаммияти фавқулодаи он барои башарият фикру мулоҳизаҳояшонро иброз доштанд.
Дар ҳамоиш, аз ҷумла ташаббуси байналмилалии қабулшудаи Тоҷикистон, яъне Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2027 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ҳадафу вазифаҳои он муаррифӣ ва муҳокима гардид.
Дар фарҷоми ҳамоиш иштирокчиён доир ба аҳаммияти Устувонаи Куруши Кабир ва ибтикороти Тоҷикистон изҳори ақида карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






