РУШДИ САНОАТ. Давоми се моҳ дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои миллӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) давоми се моҳи соли 2026 дар ноҳияи Ёвон 3 коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуда, барои сокинон ҷойи нави кор фароҳам гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Дар давраи семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия ба 393 миллиону 649,7 ҳазор сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш 105,3 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба хориҷи мамлакат 26 ҳазору 246 тонна семент ба маблағи умумии 16 миллиону 48,1 ҳазор сомонӣ содирот карда шуд.
Дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии ноҳияи Ёвон ба 581 миллиону 175 ҳазору 600 сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 40 миллиону 983 ҳазору 700 сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 393 миллиону 649,7 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба 151 миллиону 669,3 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки мутаносибан суръати афзоиш 105,3 ва 107,6 фоизро ташкил медиҳад.
Бояд иброз намуд, ки таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ ва ба ин васила ташкил намудани ҷойи нави кор зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор дошта, оид ба ин масъала пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 21 декабри соли 2021 дастовардҳои асосии иҷтимоию иқтисодии мамлакатро дар сӣ соли истиқлолият таҳлилу баррасӣ намуда, ба рушди соҳаи саноат аҳамияти махсус зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла иброз намуданд, ки «бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимову иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар пешниҳод менамоям, ки солҳои 2022-2026, яъне то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».
Ин пешниҳоди Сарвари давлат хеле муҳим ва саривақтӣ буда, ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегӣ- саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат менамояд. Инчунин имкон медиҳад, ки даҳҳо ҳазор ҷойи нави кор ташкил шуда, сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, муҳимтар аз ҳама, сатҳи вобастагии корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ аз ашёи хоми воридотӣ паст карда шавад.
АКС аз бойгонӣ








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






