Деҳқонони хоҷагии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён бозори дохилиро бо маҳсулоти барвақтӣ таъмин менамоянд

Апрель 26, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 26.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Ёрмуҳаммад»-и ноҳияи Кӯшониён заминҳои дар ихтиёрдоштаашонро самаранок ва мақсаднок истифода бурда, дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас мегузоранд.

Тавре роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ёрмуҳаммад» Сулаймон Шафоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, дар хоҷагӣ кишту парвариши зироати барвақтӣ, аз ҷумла гулкарам, карам, қулфинай, пахта, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки зироати барвақтӣ, қулфинай, гулу буттаҳо ва дигар растаниҳои ороишӣ дар гармхонаҳои мутобиқ ба талаботи муосир парвариш карда шуда, дар ин самт 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

«Ҳар як зироат вобаста ба хусусиятҳои худ талаботи махсус дошта, кишоварзон онро бо риояи қоидаҳои агротехникӣ дар қитъаҳои алоҳида парвариш менамоянд. Нигоҳубини дуруст, коркарди техникӣ ва таъмини саривақтии ғизои замин аз ҷумлаи омилҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ арзёбӣ мегарданд», – илова намуд Сулаймон Шафоев.

Дар ин хоҷагӣ қулфинайро дар гармхонаҳо охири моҳи август шинонида будаанд. Он аз нимаи дуюми моҳи ноябр ба ҳосил даромадааст. Айни замон ҷамъоварии ҳосил идома дошта, хоҷагӣ ин маҳсулоти тару тозаро ба бозорҳои истеъмолӣ пешниҳод намуда истодааст.

Бо чунин фаъолияти босамар кишоварзони ин хоҷагии деҳқонӣ дар баробари ба даст овардани даромади хуб, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 26, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад