РУШДИ САНОАТ. Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 16 миллиард сомонӣ расид
ДУШАНБЕ, 26.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи соли 2026 корхонаҳои саноатии мамлакат якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16 миллиарду 122,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 (бо нархҳои муқоисавӣ) 14,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки омили асосии рушди соҳа аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард – 29,6 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво – 7,5 фоиз ва таъминоти об ва коркарди партовҳо – 17,0 фоиз таъмин гардид.
Дар се моҳаи якуми соли 2026 дар мамлакат 3972 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият намудаанд, ки аз онҳо 3433 адад ба соҳаи коркард рост меояд. Ин нишондиҳандаҳо аз афзоиши фаъолнокии бахши хусусӣ ва рушди соҳибкорӣ дар соҳаи саноат гувоҳӣ медиҳанд.
Дар заминаи татбиқи пайгиронаи сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат ва роҳнамоиҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, соҳаи саноат дар семоҳаи якуми соли 2026 тамоюли рушди устуворро нигоҳ доштааст.
Бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтаам Эмомалӣ Раҳмон дар марҳилаи минбаъда тақвияти равандҳои саноатикунонӣ, ҷалби сармоягузории мустақим, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, рушди истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва содиротӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок боқӣ мемонанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд






