Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симпозиуми ICAO дар Марокаш иштирок намуд

Апрель 16, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 14 то 16 апрел дар Марокаш Симпозиуми глобалии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ — GISS-2026 баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.

Дар доираи симпозиум ҷаласаҳои панелӣ ва вохӯриҳои сатҳи баланд бахшида ба рушди амнияти байналмилалии авиатсия ва таҳкими механизмҳои ҳамкории минтақавӣ доир шуданд.

Аз рӯйи натиҷаҳои мизи мудаввар бо иштироки вазирон Даъват ба амали Марокаш бо дастгирии 22 давлат қабул карда шуд. Ҳуҷҷат ба татбиқи Нақшаи стратегии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ барои солҳои 2026-2050 равона гардида, ҳадафи он таъмини нақлиёти ҳавоии бехатар, боэътимод ва устувор, инчунин ноил шудан ба сатҳи сифри нобудӣ ва партовҳои карбон дар саноат мебошад.

Уҳдадориҳои асосӣ аз таҳкими иқтидори институтсионалӣ, рушди инфрасохтори авиатсионӣ тавассути маблағгузории устувор, таълими насли нави кадрҳо ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ иборатанд. Принсипи «Ҳеҷ кишвар аз таваҷҷуҳ дур намемонад»-и Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ махсусан таъкид карда шуд.

Раиси Шурои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ Тосиюки Онума иброз намуд, ки симпозиум бояд нуқтаи ибтидоӣ барои татбиқи стратегияи дарозмуддати рушди авиатсияи ҷаҳонӣ гардад.

Таваҷҷуҳи махсус дар Симпозиуми глобалии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ GISS-2026 ба таҳкими нақши созмонҳои минтақавии бехатарии авиатсионӣ (RSOOs) ва системаҳои тафтишоти садамаҳо (RAIOs) дода шуд. Коршиносон таъкид карданд, ки ҳамкории муассири байнидавлатӣ ба муттаҳидсозии захираҳо, беҳтар шудани бехатарии парвозҳо ва суръат бахшидан ба татбиқи таҷрибаи пешқадам мусоидат мекунад.

Дар симпозиум намояндагони 101 кишвари ҷаҳон, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва саноатӣ иштирок карданд.

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои калидӣ фаъолона иштирок намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ ва рушди саноати миллии авиатсия мутобиқи стандартҳои Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ тасдиқ намуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи симпозиум мулоқоту суҳбатҳои судманд баргузор гардида, дар ҷараёни онҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуданд.

Аз ҷумла, ҷонибҳо доир ба таъмини бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ, ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо, рушди ҳамлу нақли боркашонӣ тавассути ҳавопаймо, инчунин зиёд намудани шумораи хатсайрҳои мавҷуда табодули назар намуданд.

 

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 16, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид