Доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 қабул карда шудааст, муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар муҳокима роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душнабе, шаҳру ноҳияҳо ва шахсони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Муинӣ Мавсума таъкид кард, ки дар партави сиёсати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифз, рушд ва таҳкими забони давлатӣ ҳамчун яке аз пояҳои муҳимми давлатдорӣ ва ҳастии миллӣ мавқеи махсус касб намудааст. Забони давлатӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили асосии ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва худшиносии миллат ба ҳисоб меравад.
Доир ба иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ дар давраи сипаригардида Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Барно Саидвализода, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён, ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Мирзозода, муовини Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Фурқати Ҳукумат, муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода гузоришу ахбори муфассал пешниҳод намуданд.
Ба вакилон маълумот дода шуд, ки дар давраи амалигардонии бандҳои Нақшаи амалисозии Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо силсила тадбирҳо андешида шудаанд. Аз ҷумла, қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ таҳия ва қабул карда шуданд, ҳамасола олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ бо иштироки теъдоди зиёди хонандагон доир карда мешавад, луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти биология, тиб, химия ва дигар соҳаҳо такмилу бознашр шуданд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди пешравию дастовардҳо дар самти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Барномаи рушди забони давлатӣ норасоиҳо мавҷуд буда, аз ҷониби вакилон ва иштирокчиён барои ислоҳи онҳо зимни муҳокима ва музокира таклифҳо баён карда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки дар сатҳи Парлумони кишвар бо иштироки роҳбарият ва масъулини мақоми ваколатдори давлатии соҳа, яъне ҳамоҳангсози амалисозии Барнома ва иҷрокунандагони он мавриди муҳокима қарор гирифтани рафти иҷрои Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолияти ҳамгироии сохторҳо ва инчунин иҷрои сифатноки он замина мегузорад. Зеро татбиқи самараноки Барномаи мазкур танҳо дар сурати ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии байниидоравӣ имконпазир мебошад.
Дар ҷамъбаст аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парлумонӣ қабул карда шуд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






