Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон таъйин гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.
Дарёфти ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти тарғиби устувории экологӣ ва ташаббусҳои «сабз» мебошад.
Минбаъд Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи рейтинги ҷаҳонии «UI GreenMetric Sustainable University Rankings» фаъолият хоҳад кард.
Шаҳодатномаи мазкур 15 апрел зимни ифтитоҳи Саммити ректорони донишгоҳҳои сабз, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устовор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби роҳбари «UI GreenMetric»-и Донишгоҳи Индонезия, доктор Вишну Ҷувоно ба ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода тақдим гардид.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






