Дурнамои ҳамкорӣ байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар шаҳри Пекин бо аъзои Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, мудири шуъбаи байналмилалии ин ҳизб Лю Хайсин вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳизбии ду давлатро баррасӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ба имзо расонидани меморандуми мувофиқагардида дар ояндаи наздик метавонад барои густариши марҳилаи нави ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ҳамзамон Маликшо Неъматзода Лю Хайсинро барои иштирок дар Форуми ҳизбҳои сиёсӣ, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 то 12 июни соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Тоҷикистон дар ҷараёни сафар бо таҷрибаи Ҳизби Коммунистии Чин дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз наздик шинос гардид.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






