ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шуруъ аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ шаҳри Душанбе ба таври бесобиқа рушд карда, ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфтааст. АМИТ «Ховар» ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибосҳоро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод менамояд.
– Имрӯз мо бо шукргузорӣ аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пойтахти давлати азизи худ — шаҳри Душанберо хонаи умеди тамоми тоҷикон ва форсизабонони олам медонем.
***
Душанбе рамзи муқаддаси давлатдорӣ ва симои Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, ки фарзандони бонангу номуси он бояд ин симоро ҳамеша поку равшан ва беғубор нигоҳ доранд.
***
Душанбе рамзи ҷавонони умедбахшу сарбаланд аст, ки дар корхонаҳои саноатию муассисаҳои таълимӣ ба хотири пешрафти ояндаи Тоҷикистон кору таҳсил мекунанд ва содиқона заҳмат мекашанд.
***
Душанбе рамзи пирони барнодилу бунёдкор мебошад, ки умри азизи хешро барои эҳёи пойтахти замонавии тоҷикон сарф намудаанд.
***
Душанбе рамзи кӯдакони некбахту хуштолеъ аст, ки мисли гулҳои рангоранг арзу тӯли пойтахт ва зиндагии моро зебу зиннат мебахшанд.
***
Пойтахт воқеан гаҳвораи камолот ва инкишофу пешрафти миллат буда, ягон давлати соҳибтамаддуни олам бе марказҳои тавонои илмию фарҳангӣ вуҷуд дошта наметавонад.
***
Миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ки ҳазорҳо сол қабл аз ин дорои низоми хосаи давлату давлатдорӣ ва пойтахтҳои ободу фарҳангпарвар буд, бо ойини деринаи шаҳрсозиву шаҳрдорӣ, инчунин бунёди марказҳои бузурги илмию фарҳангӣ шуҳрати оламгир ёфтааст.
***
Дар қаламрави ҷумҳурии мо шаҳрсозию шаҳрдорӣ авҷ гирифта, Душанбеи тозабунёд ба чаҳор самт вусъат ёфт ва чун пойтахти нави давлати тоҷикон шуҳрат пайдо намуд.
***
Шаҳри Душанбе шаҳри ҷавони куҳанбунёд, шаҳрест, ки шоҳиди бисёр воқеаҳои таърихӣ, падидаҳои сиёсию фарҳангӣ, рӯзҳои вазнину фоҷиабор ва шодмонию ҷашнҳо мебошад.
***
Шаҳри Душанбе дар радифи ҳама шаҳрҳо ва пойтахтҳои қадимии давлати тоҷик қарор ёфта, рисолати муқаддасу бошараф, яъне маркази маъмурии мамлакат, илму фарҳанг ва муттаҳидкунандаи миллатро бар дӯш гирифтааст.
***
Ин шаҳр намунаи барҷастаи фарҳанги давраи таърихии Юнону Бохтариён ва Кушониён мебошад. Мувофиқи шаҳодати бозёфтҳои археологӣ, Душанбе дар қатори шаҳрҳои куҳани Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро, Самарқанд, Кӯлоб, Истаравшан ва Хуҷанд қарор дорад.
***
Имрӯз Душанбе шаҳри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ гардидааст.
***
Пойтахт симои миллату мамлакат, маркази илму тамаддун ва пойгоҳи маърифат аст.
***
Ҳусни пойтахт ҳусни миллат аст ва ободию шукуҳи он маънои ободии кулли сарзамини тоҷиконро дорад.
***
Шаҳри Душанбе бояд ҳамеша ободу зебо, бонизому хуштарҳ бошад ва чеҳраи воқеии Тоҷикистонро инъикос карда тавонад.
***
Шаҳри Душанбе яке аз пойтахтҳои ҷавони Осиёи Марказӣ мебошад, ки онро падарону бобоёни мо аввали солҳои бистуми асри гузашта- дар айни ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ сохтаанд.
***
Дар ҷаҳон пойтахтҳои зебову маҳбуб хеле зиёданд, вале барои мо – тоҷикон, табиист, ки пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе аз ҳама зеботару маҳбубтар аст.
***
Дар таърихи ҳар халқу миллат пойтахт дар самти рушду такомули давлатдорӣ, пешрафти ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он нақши калидӣ мебозад.
***
Шаҳри Душанбе минбаъд низ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакат мавқеи пешоҳангиро нигоҳ медорад.
***
Пойтахти Тоҷикистон—шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст!
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии баҳрҳоро таҷлил менамояд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
РӮДАКӢ — ЧАРОҒИ МАЪРИФАТИ МИЛЛАТ. Одамушшуаро насли имрӯз ва фардоро ба омӯхтан ва некӣ кардан даъват намудааст
ШЕЪРИ РӮДАКӢ — ПАЁМИ ДОНИШУ ХИРАД ВА НАКӮКОРИЮ ҶАВОНМАРДӢ. Эҳдо ба Рӯзи Рӯдакӣ
«ҲУҶҶАТИ МИЛЛӢ БА НОМИ РӮДАКӢ БОЯД ГИРИФТ…». Ва ё ҳамзабону ҳаммиллати Устод Рӯдакӣ будан шарафи бузург аст
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
НАҚШ ВА МАҚОМИ УСТОД РӮДАКӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
21 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Бо ташаббуси Тоҷикистон «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул гардид






