Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбул иштирок намуд

Апрель 18, 2026 09:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар музокироти умумии Ассамблеяи 152-юми Иттиҳоди байнипарламентӣ дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки дар шароити имрӯза, мутаассифона, мо бо мушкилоту монеаҳое рӯ ба рӯ ҳастем, ки на танҳо ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, балки ба таъмини ҳамзистии осоишта ва татбиқи принсипҳои сулҳ ва адолат, ки ҳам барои мо ва ҳам барои наслҳои оянда муҳиманд, вобаста мебошанд.

«Мо аз афзоиши хушунат, муноқишаҳои мусаллаҳи минтақавӣ, поймолшавии ҳуқуқу озодиҳои инсон, вайроншавии меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва тартиботи устувори ҷаҳонӣ нигарон буда, ҳамаи амалҳоеро, ки боиси ранҷу азоби инсонӣ ва мушкилоти густурдаи башардӯстона гардида, ҳаёти аҳолии осоиштаро таҳдид менамоянд ва суботи минтақаро халалдор месозад, маҳкум мекунем», -афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пайваста нақши муҳимми қонунгузоронро дар қабули қонунҳое, ки ризоияти шаҳрвандӣ, амният, рушди ҳамкории минтақавӣ ва ҳифзи манфиатҳои кишварро таъмин мекунанд, махсусан дар заминаи дастгирии сулҳ ва субот таъкид менамоянд.

«Мо, вакилони мардумӣ ба он назарем, ки иҷрои самараноки вазифаҳоямон ба таҳкими эътимоди ҷомеа ба давлат ва ташаккули низоми устувори сиёсӣ мусоидат менамояд. Барои мо – вакилони мардумӣ имконият фароҳам гардидааст, ки дар ташаккули умеду орзуҳои табақаҳои гуногуни ҷомеа ба сулҳу созиш дар саросари ҷаҳон тавассути шаффофият ва иштироки шаҳрвандон дар раванди қонунэҷодкунӣ саҳм гузорем.

Аз ин минбари баланд мехоҳам ба вакилони тамоми ҷаҳон дар роҳи таҳкими сулҳ, ҳамкорӣ ва пешрафт комёбиҳо таманно намоям», — изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2026 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон