Файзиддин Қаҳҳорзода ва Абебе Адугна ба густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир намуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо директори навтаъйини минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои рушди баробар, молия ва ниҳодҳо барои минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Абебе Адугна вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда баррасӣ шуда, ба густариши он дар самтҳои энергетика ва нақлиёт таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ба ҷалби дастгирии буҷет тавассути ислоҳоти иқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, таъсиси ҷойи нави кор, ки дар стратегияи нави дуҷониба самтҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Мусоҳибон барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






