Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия иштирок намуд

Апрель 20, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 17–19 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода дар Форуми дипломатии Анталия, ки ҳамасола дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, форум яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ, амният ва ҳамкории минтақавию байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дар доираи Форуми дипломатии Анталия Фаррух Шарифзода дар ҷаласаҳои сатҳи баланд иштирок намуд. Ҳамзамон дар доираи  чорабинӣ якчанд мулоқоти дуҷониба бо намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 20, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд